истодан

истодан
[ايستادن]
1. ба по будан; муқоб. нишастан
2. иқомат доштан, зистан, будан
3. тавақуф кардан; ист кардан; қарор гирифтан, ором шудан; як дам истодан // як нафас истодан андак таввақуф кардан, каме сабр кардан
4. барҷо (қоим) будан; воқеъ гаштан
5. истодагарӣ кардан, устувор будан, пойдор будан: дар фикри пештараи худ истодан, дар қавл истодан
6. ҳамчун феъли ёридиҳанда ба феълҳои асосӣ ҳамроҳ шуда, давомнокии амалу ҳолатро ифода мекунад: то омадани касе кор карда истодан
7. ҳамчун феъли ёридиҳанда шаклҳои замони ҳозираи муайян ва замони гузаштаи дур месозад: хонда истодан, хонда истода будан…; муқобил истодан муқовимат кардан, зиддият нишон додан; пойдор истодан собитқадам будан
◊ як тараф истодан сарфи назар кардан…, ба як сӯ гузошта мондан…

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Смотреть что такое "истодан" в других словарях:

  • дам — I [دم] асоси замони ҳозира аз дамидан II [دم] 1. нафас; дами касе гаштан (гардидан) нафаси касе ба дарун афтидан; нафас гирифта натавонистан 2. ҳаво, бод; пуф; дами чизеро холӣ кардан боди чизеро баровардан, ҳавои чизеро сар додан; дами шикам… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қатор — I [قطار] а 1. хати ба тартиб ҷойгирифтаи чизҳои якхела; гурӯҳи одамон, чорпоён, мошинҳо ва ғ., ки пайи ҳам ё паҳлӯи ҳам бо тартиб истодаанд ё воқеъ гаштаанд, саф, рад, рада, радиф: қатори вагонҳо, қатори дарахтон, қатори ҳавлиҳо, қатори… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қиём — I [قيام] а 1. истодан, рост истодан, рост хестан, ростистӣ 2. рост шудани офтоб дар болои сар (самтурраъс), ки дар нисфирӯзӣ ба амал меояд: ба қиём омадани (ё расидани) офтоб, офтоби ба қиём омада (ё расида), вақти ба қиём омадани офтоб, то ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • навбат — I [نوبت] а 1. тартиб дар кардани коре; вақту фурсати аз рӯи тартиб фарорасида барои иҷрои коре ё додану гирифтани чизе 2. дафъа, карат, бор; дар навбати дигар 3. давр, замон 4. марҳила дар силсилаи коре ё сохтмоне, ки тибқи нақшаи қаблӣ ба иҷро… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • хобидан — [خوابيدن] 1. хуфтан, хоб кардан 2. будан, зиндагӣ кардан, иқомат доштан (дар беморхона, ҳабсхона) 3. кор накардан, аз кор мондан, аз кор боз истодан, таваққуф кардан (соат, корхона ва ғ.) 4. ором ёфтан, паст ё тамом шудан, фурӯ нишастан (шӯриш ё… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чашм — [چشم] 1. узви биниш дар инсон ва ҳайвон; чашм(он)и бодомӣ чашми бодомшакл; чашми тар дидаи гирён; чашми тира чашми камнур ва хира; чашм(он)и мешӣ чашмони калон калони сиёҳ; чашмони шаҳло чашми сиёҳи моил ба кабудӣ, ки бисёр зебо ҳисоб меёбад; ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷим — I [جم] гуфт. дам, ором, хомӯш; ҷим истодан хомӯш истодан, ором нишастан; ҷим нишастан ором нишастан, хомӯш истодан, гап назада, ҷавоб нагуфта нишастан; ҷим шудан хомӯш гаштан II [جيم] номи ҳарфи шашуми алифбои арабиасоси тоҷикӣ, ки дар ҳисоби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Liste Swadesh du tadjik — Liste Swadesh de 207 mots en français et en tadjik. Sommaire 1 Présentation 2 Liste 3 Voir aussi 3.1 Bibliographie …   Wikipédia en Français

  • беҳаракат — [بي حرکت] ноҷунбон, ором, сокит; беҳаракат хобидан а) ором хобидан; ноҷунбида хобидан; б) маҷ. бекор истодан, дар ҳолати ноистифода истодан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • боло — I [بالا] 1. қисми баланди ҳар чиз, забар, фавқ; муқоб. поён, зер: ҳуҷраи болои дарвоза, иморати болои арк 2. рӯй; рӯи чизе; муқоб. таг (таҳ): болои дастархон, болои кат (хобидан), болои миз, болои майсаву сабза 3. сар, тор, фарқи сари чизе: болои …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»